Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

25 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Некӣ кардан ахлоқи хуб аст ва гуноҳ он аст, ки дар дилат нороҳатӣ биорад ва аз ошкор шуданаш дар байни мардум туро бадат ояд".
Саҳеҳ Ҳадиси аввал: Ин (ҳадис)-ро Муслим ривоят кардааст, ҳадиси дуюм: Ин (ҳадис)-ро Аҳмад ва Доримӣ ривоят кардаанд.
"Нерӯманд касе нест, ки ҳарифро бар замин мезанад, балки нерӯманд касест, ки ҳангоми ғазаб худро идора мекунад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Меҳрубонӣ дар ҳар чизе буд онро зиннат мебахшад ва аз ҳар чизе гирифта шавад, онро зишт месозад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Худованд эҳсон (некӣ)-ро бар ҳама чиз муқаррар кардааст. Чун агар куштед бо некӣ бикушед ва агар забҳ кардед бо некӣ забҳ кунед. Ҳаргоҳ касе аз шумо забҳ мекунад корди худро тез кунад то қурбонии худро дар вақти забҳ азоб надиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аз қазаъ (тарошидани як қисме аз мӯи сар ва гузоштани қисмати дигар) наҳй фармуданд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед; мусулмон бародари мусулмон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост». -Ва ба синаи худ се бор ишорат кард– «Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Марде назди Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) омад ва гуфт: ман маркабамро аз даст додаам, ба ман маркабе бидеҳ! Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Надорам", марде гуфт: эй Расули Аллоҳ ман ӯро назди касе мебарам, ки ӯро маркаб медиҳад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: " Касе ба амали хайр далолат кунад, подоше ҳаммонанди анҷомдиҳандаи онро хоҳад дошт"
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Нафратовартарин мардум назди Аллоҳ, кинатузтарини хусуматгаронанд"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи