عربي - Arabic English Qafár af - Afar Afrikaans - Afrikanns Akan Shqip - Albanian አማርኛ - Amharic Հայերեն - Armenian অসমীয়া - Assamese Azərbaycanca - Azerbaijani Bamanankan - Bambara Bassa Bemba বাংলা - Bengali Bosanski - Bosnian Български - Bulgarian မြန်မာဘာသာ - Burmese Bisaya - Cebuano Cham Нохчий - Chechen chiCheŵa - Chewa 中文 - Chinese Адыгэбзэ - Circassian Hrvatski - Croatian Česky - Czech Dagbani Dansk - Danish فارسی دری - Dari Dendi ދިވެހި ބަސް - Dhivehi Nederlands - Dutch إستوني - Estonian Suomi - Finnish Français - French Fulfulde - Fula ქართული - Georgian Deutsch - German Ελληνικά - Greek ગુજરાતી - Gujrati Kreyòl ayisyen - Haitian Creole Hausa हिन्दी - Hindi Magyar - Hungarian Igbo Indonesia - Indonesian Italiano - Italian 日本語 - Japanese Jóola - Jola ಕನ್ನಡ - Kannada Қазақша - Kazakh ភាសាខ្មែរ - Khmer Kikuyu Ikinyarwanda - Kinyarwanda Ikirundi - Kirundi 한국어 - Korean كوردی سۆرانی - kurdish كوردي kurmancî - Kurmanji Kyrgyz ລາວ - Lao latviešu - Latvian Lingala lietuvių - Lithuanian Luganda Македонски - Macedonian Maguindanaon Malagasy - Malagasy Bahasa Melayu - Malay മലയാളം - Malayalam Mandinka मराठी - Marathi Mõõré - Moore नेपाली - Nepali أنكو - NKo Norwegian ଓଡ଼ିଆ - Odia oromoo - Oromo پښتو - Pashto فارسی - Persian Polski - Polish Portuguese ਪੰਜਾਬੀ - Punjabi Română - Romanian Русский - Russian Српски - Serbian Shona සිංහල - Sinhala Slovenščina - Slovenian Soomaaliga - Somali Soninke Sesotho - Sotho Español - Spanish Kiswahili - Swahili Svenska - Swedish Tagalog Тоҷикӣ - Tajik தமிழ் - Tamil తెలుగు - Telugu ไทย - Thai ትግረኛ - Tigrinya Türkçe - Turkish Ukrainian اردو - Urdu ئۇيغۇرچە - Uyghur Ўзбек - Uzbek Việt Nam - Vietnamese Wolof Yao Yorùbá - Yoruba Zarma زولو - Zulu
287 Ҳадисҳо
Донишномаи аҳодиси набавӣ
Категорияҳо
Категорияҳо (13)
Дараҷаи ҳадис
Ривоят шуда дар
Ровӣ
Намоиши ҳамаи ровиён (21)
"Ҳар гоҳ муаззин гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва яке аз шумо (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас (муаззин) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду ан ло илоҳа илло Аллоҳ. Сипас гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ашҳаду анна Муҳамадан расулуллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алас-салот, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Ҳайя алал-фалоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Сипас гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, (дар посухаш) гуфт: Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар. Сипас гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, (дар посухаш) гуфт: Ло илоҳа илло Аллоҳ, инҳоро аз самими дил гуфт, ба биҳишт дохил шавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Хомӯш бошу гӯш кун", муртакиби лағв шудаӣ".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар охири ҳар намози фарз чунин мегуфтанд: "Ҳеҷ маъбуди (ростине) ҷуз
Аллоҳ вуҷуд надорад, ягона аст ва шарике надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва ҳамду ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ба анҷоми ҳар коре қодиру тавоност. Бор илоҳо барои он чи Ту ато кардаӣ, боздорандае нест ва барои он чи Ту монеъ шудаӣ атокунандае нест. Ва соҳиби сарвату баҳрамандро дар баробари Ту, сарвату баҳрааш суде намебахшад."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ҳаргоҳ садои муаззинро шунидед, монанди он чи мегӯядро бигӯед, сипас бар ман дуруд бифиристед, зеро ҳар ки бар ман як дуруд бифиристад, Аллоҳ бар ӯ даҳ бор дуруд хоҳад фиристод. Сипас аз Аллоҳ барои ман "васила"-ро бихоҳед, зеро он манзилате аст дар биҳишт, ки танҳо шоистаи яке аз бандагони Аллоҳ аст ва умедворам он ман бошам. Пас ҳар ки барои ман "васила"-ро бихоҳад, шафоат баҳраи ӯ хоҳад шуд."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ шаби Қадрро аз рӯйи имон ва дарёфти савоб шабзиндадорӣ намояд, гуноҳони гузаштаи ӯ омурзида мешавад"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Як намоз дар масҷиди ман беҳтар аз ҳазор намоз дар дигар масҷидҳо аст, ҷуз Масҷидулҳаром (ҳарами маккӣ)".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи