Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

25 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Дар ҳолати ҳозир будани таъом ва барои касе, ки аз баромадани пешоб ва наҷосат пешгирӣ мекунад, намоз нест".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Ҳаргоҳ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз рукуъ бар мехост, чунин мегуфт: "Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ, Аллоҳумма раббано лакал-ҳамд милъас-самовоти ва милъал - арзи ва милъа мо шиъта мин шайъин баъд" (Аллоҳ шунид онеро, ки ҳамдаш гуфт. Бор илоҳо ва Парвардигоро! Ҳамд аз они Туст, ба пурии осмонҳо ва ба пурии замин ва ба пурии ҳар он чи Ту пас аз он бихоҳӣ).
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Бар қабрҳо нанишинед ва ба сӯи онҳо намоз нагузоред".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар гоҳ касе аз шумо вориди масҷид шуд, чунин бигӯяд: Бор илоҳо, дарҳои раҳмати худро барои ман боз кун. Ва чун аз масҷид хориҷ шавад, бигӯяд: Бор илоҳо, аз фазли Ту хоҳонам."
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад: (Ва барои ёди ман намоз бар по дор) (Тоҳо, ояти 14).
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Усмон ибни Аффон хост масҷидро бозсозӣ кунад, аммо мардум инро написандиданд ва дӯст доштанд, ки онро ба ҳамон шакле, ки буд боқӣ мегузошт. Пас, эшон фармуданд: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳар ки барои Аллоҳ масҷиде бино кунад, Аллоҳ барои ӯ дар биҳишт монанди он хоҳад сохт."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Мардоне назди Саҳл ибни Саъди Соъидӣ рафтанд ва дар бораи минбари (Паёмбар), ки чӯбаш аз чӣ аст, баҳс карданд. Ӯ ба онҳо гуфт: Савганд ба Аллоҳ ман медонам, ки аз чист ва ман онро дар аввалин рӯзе, ки ниҳода шуд ва аввалин рӯзе, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он нишаст, дидам. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди фалон зан - зане аз ансор, ки Саҳл номи ӯро зикр кард - фиристод ва хитоб ба эшон фармуд, ки " Ғуломатро, ки наҷҷор аст амр кун, то барои ман чӯбҳое (минбаре аз чӯб) бисозад, то ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам". Пас, он зан ғуломашро амр кард ва ӯ онро аз дарахтони Тарфаи ғоба (ҷое дар беруни Мадина дар тарафи Шом) сохт ва сипас онро овард. Он зан онро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон низ амр карданд, ки инҷо ниҳода шавад. Сипас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки (барои омӯзиши мардум) бар он (минбар) намоз хонд ва дар ҳоле ки бар он буд, такбир гуфт ва сипас дар ҳоле ки бар он буд, ба рукуъ рафт ва сипас ба пушти сар поин омад ва дар (канори) пояи минбар саҷда кард ва сипас (ба рӯйи он) бозгашт ва вақте ки (намозашро) ба охир расонд, фармуд: "Эй мардум! Барои ин чунин кардам, ки аз ман пайравӣ кунед ва намози манро таълим бигиред."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Ибни Зубайр баъд аз ҳар намоз, ҳангоме, ки салом медод ин зикрро мегуфт: "Ло илоҳа иллаллоҳ ваҳдаҳу ло шарика лаҳу, лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд, ва Ҳува ъало кулли шайъин қадир, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ, ло илоҳа иллаллоҳ, ва ло наъбуду илло ийёҳ, лаҳун-неъмату ва лаҳул-фазл ва лаҳус - саноул-ҳасан, ло илоҳа иллаллоҳу мухлисина лаҳуд-дин ва лав кариҳа-л-кофирун" Абдуллоҳ ибни Зубайр мегӯяд: баъд аз ҳар намоз ин зикр вирди забони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) буд.
Саҳеҳ Ривояти Муслим