Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

14 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Ӯ дар ҳар намози фарзӣ ва ғайри фарзӣ, дар рамазон ва ғайри рамазон (дар оғози он) такбир мегуфт ва сипас ҳангоми рукуъ такбир мегуфт, сипас мегуфт: (Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ) ва пеш аз ба саҷда рафтан (Раббано ва лакал-ҳамд) мегуфт. Сипас ҳангоми ба саҷда рафтан такбир мегуфт, ва ҳангоми аз саҷда сар бардоштан такбир мегуфт. Сипас ҳангоми ба саҷда рафтан такбир мегуфт ва ҳангоми аз саҷда сар бардоштан такбир мегуфт. Сипас ҳангоми бархостан аз нишаст дар ракаъати дуввум такбир мегуфт ва инро дар ҳар ракаъат анҷом медод, то ин ки намозашро ба поён мерасонд. Сипас баъд аз поёни намоз мегуфт: Савганд ба оне, ки ҷонам дар дасти Ӯст, намози ман монандтар аз намози шумо ба намози Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аст. Ин намози Ӯ то аз дунё рафтанаш буд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Касе, ки намозеро фаромӯш кунад, пас, чун ба ёдаш ояд, адояш кунад ва (ин кораш) каффорае ҷуз ин надорад: (Ва барои ёди ман намоз бар по дор) (Тоҳо, ояти 14).
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Усмон ибни Аффон хост масҷидро бозсозӣ кунад, аммо мардум инро написандиданд ва дӯст доштанд, ки онро ба ҳамон шакле, ки буд боқӣ мегузошт. Пас, эшон фармуданд: Шунидам, ки Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳар ки барои Аллоҳ масҷиде бино кунад, Аллоҳ барои ӯ дар биҳишт монанди он хоҳад сохт."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Мардоне назди Саҳл ибни Саъди Соъидӣ рафтанд ва дар бораи минбари (Паёмбар), ки чӯбаш аз чӣ аст, баҳс карданд. Ӯ ба онҳо гуфт: Савганд ба Аллоҳ ман медонам, ки аз чист ва ман онро дар аввалин рӯзе, ки ниҳода шуд ва аввалин рӯзе, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бар он нишаст, дидам. Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба назди фалон зан - зане аз ансор, ки Саҳл номи ӯро зикр кард - фиристод ва хитоб ба эшон фармуд, ки " Ғуломатро, ки наҷҷор аст амр кун, то барои ман чӯбҳое (минбаре аз чӯб) бисозад, то ҳангоми сухан гуфтан бо мардум бар он бинишинам". Пас, он зан ғуломашро амр кард ва ӯ онро аз дарахтони Тарфаи ғоба (ҷое дар беруни Мадина дар тарафи Шом) сохт ва сипас онро овард. Он зан онро ба назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фиристод ва эшон низ амр карданд, ки инҷо ниҳода шавад. Сипас Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро дидам, ки (барои омӯзиши мардум) бар он (минбар) намоз хонд ва дар ҳоле ки бар он буд, такбир гуфт ва сипас дар ҳоле ки бар он буд, ба рукуъ рафт ва сипас ба пушти сар поин омад ва дар (канори) пояи минбар саҷда кард ва сипас (ба рӯйи он) бозгашт ва вақте ки (намозашро) ба охир расонд, фармуд: "Эй мардум! Барои ин чунин кардам, ки аз ман пайравӣ кунед ва намози манро таълим бигиред."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Агар яке аз шумо вориди масҷид шуд, пеш аз он ки бинишинад, ду ракаъат намоз бигузорад."
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ислом бар панҷ асос бино ёфтааст: Гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ Таъоло нест ва ин ки Муҳаммад (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) расул ва фиристодаи Худост, барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷҷи Хона ва рӯзаи Рамазон".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Дар ҳоли хутба хондани имом дар рӯзи ҷумъа, агар ба ҳамнишинат гуфтӣ: "Хомӯш бошу гӯш кун", муртакиби лағв шудаӣ".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи