Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

2 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат фармуданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон: 7). Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос) -ро мехонд ва кафҳои дастонашро ба ҳар ҷое аз баданаш, ки муяссар ва дастрас буд масҳ мекард. Аз сар ва рӯй ва аз пешорӯи бадани худ оғоз карда ин амалро се маротиба анҷом медоданд.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ